Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Қазоқистон ба сохтмони Роғун


Абуталип Ахметов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, гуфтааст, агар ҷониби Тоҷикистон ба онҳо пешниҳоди иштирок дар сохтмони нерӯгоҳи Роғунро бикунад, Қазоқистон омода аст, ки пас аз баргузории санҷиши байнулмилалӣ дар бунёди нерӯгоҳи Роғун саҳм бигузорад.

Сафири Қазоқистон дар Душанбе гуфт, президенташ Нурсултон Назарбоев низ ин ҳарфро дар дидоре бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст.

Тоҷикистон пас аз чанд талоши ноком ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи русӣ, барои бунёди нерӯгоҳи Роғун, тасмим гирифт, то ин нерӯгоҳро бо заҳмати худ ва бидуни ҳеҷ ёрие аз берун бунёд кунад. Ҷиҳати бунёди нахустин агрегатҳои нерӯгоҳи Роғун дар кишвар маъракаи саросарии ҷамъоварии маблағ низ ба роҳ монда шудааст.

Хабаргузории давлатии «Ховар» аз қавли сафири Қазоқистон дар Душанбе менависад, Қазоқистон ба ҳайси раҳбари давраии САҲА ҳамаи масъалаҳои марбути ин минтақаро баррасӣ мекунад, хоҳ масъалаи нақлиёт бошад, хоҳ муҳити зист ва аз ҷумла захираҳои обӣ. Сафири Қазоқистон гуфтааст, кишвараш ҳамеша ҷонибдори истифодаи оқилона аз манобеъи обӣ мебошад.

Сафири Қазоқистон ҳамчунин аз чанд тарҳи муштараки Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон хабар дод ва аз ҷумла гуфт, ин се кишвар дар садади таъсиси низоми нави энержии муштарак ва роҳи мошингарди нав аз Қазоқистон ба Тоҷикистон тавассути Қирғизистон мебошанд. Барои низоми энержии нав бояд аз шаҳри Ӯш то Хуҷанд хатҳои нави барқ бикашанд.

Дар пасманзари баҳсҳои шадиди Тоҷикистону Қирғизистон бо Узбакистон дар мавриди тарҳҳои энержии ду кишвари болооб чунин ҳамкориҳои Қазоқистон, яке аз кишварҳои сарватмандтарини минтақа бо Бишкек ва Душанберо коршиносон аломати пуштибонии Остона аз ин кишварҳо донистааст.

Сафири Қазоқистон дар сӯҳбаташ бо журналистон ҳамчунин аз дидори вазирони обёрии ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ёдовар шудааст ва гуфтааст, дар он дидор мавзӯъи тақсими об дар соли 2010 матраҳ гардида буд.

Абуталип Ахметов гуфтааст, Тоҷикистон ҳамеша ваъдаҳои худро дар ин самт иҷро кардааст ва дар ҳоли ҳозир мутахассисони қазоқ низ барои корҳои фаннӣ дар обанбори Қайроқум ҷалб шудаанд, то дар нигаҳдошти сатҳи об дар ин обанбор ёрӣ бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG