Пайвандҳои дастрасӣ

Дархост аз дӯстони азиз


Ба ҳамаи онҳое, ки ба аксу видеоҳои ҷолиб фиристодаанд, самимона сипосгузорӣ мекунем, аммо як хоҳиши дӯстона дорем.

Аз он ҷо ки дар ҳоли омода кардани "Харитаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон"-ем ва барои ин акси як бахш аз номзадҳои интихоботро ҷамъ овардаем, кӯмаки Шуморо дар ин тарҳ орзумандем. Дар ҳар куҷое ки ҳастед, дар ҳар кадом ҳавзаи интихоботӣ, лутфан акси номзадҳоеро, ки дар ҳавзаи Шумо вориди сабқати интихоботӣ шудаанд, ба мо бифиристед. Дар таҳияи ин харита, ки ба зудӣ нашр хоҳад шуд, саҳм бигиред.

Ҳамзамон ба огаҳии хонандагон мерасонем, ки ин сафҳа танҳо барои акс ва танҳо барои аксҳои озмуни "Ончӣ мебинам" нест, балки Шумо метавонед, ҳамчунин аксҳои хабарӣ, видеоҳо, садоҳо ва матнҳо дар навишти тоҷикии кириллиро низ бо истифода аз ин сафҳа ба мо бифристед.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG