Пайвандҳои дастрасӣ

Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон, ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон меояд ва аз Душанбе сипас барои мулоқот бо мақомоти Узбакистон ба Тошкант сафар хоҳад кард.

Мавзӯъоти мавриди баррасии ҷаноби Ҳолбрук дар Душанбе ва Тошкант вазъ дар Афғонистон будааст. Ба ақидаи таҳлилгарон, дар чанд вақти ахир Узбакистон аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон худро канор мекашад. Ба ҳамин хотир, мегӯянд онҳо, сафари қарибулвуқӯъи Ҳолбрукро ба Тошканд бояд дар ин чаҳорчӯба арзёбӣ кард.

Ричард Ҳолбрук дар ин маврид аллакай бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Вашингтон сӯҳбат доштааст. Дар он дидор, ба иттилоъи Фарҳод Салим, сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрико дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, масъалаҳои муносибатҳои дарозмуддат ва мунтазам миёни ду кишвар дар таъмини амнияти минтақа баррасӣ шудааст.

Дар он дидор ҳамчунин гуфта шудааст, ки Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризми саросарӣ узви Эътилофи байналмилалӣ мебошад ва дар истиқрор ва таҳкими сулҳ дар ин кишвари ҳамсоя ва бозсозии иқтисодаш ҳиссаи худро гузошта истодааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки дар раъси як ҳайат аз Тоҷикистон дар Вашингтон қарор дорад, ҳамчунин бо Бенҷамин Кардин, узви Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико ва раиси комиссияи Ҳелсинкии Сенат мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот масъалаи интихоботи қарибулвӯқуъи порлумонии Тоҷикистонро баррасӣ намуда ва ҷаноби Зарифӣ гуфтааст, интихобот бар асоси қонун ва меъёрҳои мавҷуд баргузор хоҳад шуд.

Боздиди як ҳайати кории Тоҷикистон ба сарпарастии Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, аз Амрико зимни як барномаи густарда идома дорад.

Бар пояи барномаи пешбинишуда қарор аст, дар Вашингтон машваратҳои сиёсӣ анҷом бигирад ва ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф, иқтисод, иҷрои тарҳҳои энержӣ, ҳамлу нақли коло, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо терроризм ва вазъ дар Афғонистон баррасӣ шавад.

Дидорҳои ҳайати Тоҷикистон дар Амрико дар ҳоле ҷараён дорад, ки барфи зиёду ҳавои номусоид барномаи корӣ ва ҷадвали гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистонро тағйир додааст. Фарҳод Салим гуфт, новобаста аз ин вазъи боду ҳаво, Ҳамроҳхон Зарифӣ вохӯриҳои дуҷонибаро бо имконоти мавҷуда бо намояндагони расмии ин кишвар барпо намуда истодааст.

Фарҳод Салим, сардори раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хабарнигори Озодӣ дар Амрико Латифи Латифӣ гуфт, ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон то 12-уми феврал боқӣ мемонад. Ба гуфтаи вай, рӯзи ҷумъа мулоқоти Ҳамроҳхон Зарифӣ бо вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар нақша гирифта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG