Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони молии Юнонро дар Брюссел баррасӣ мекунанд


Бӯҳрони молӣ дар Юнон имрӯз аз масъалаи аслии баҳс дар нишасти сарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел хоҳад шуд. Сарони кишварҳо шеваҳои кӯмаки иттиҳодия ба Юнонро баррасӣ хоҳанд кард, ки гирифтори қарз ва касри зиёди буҷа шудааст. Иттиҳодияи Аврупо метарсад, ки мушкилоти Юнон ба арзиши евро ва ҳамчунин ба иқтисоди Португалия ва Испониёи мувоҷеҳ ба мушкил таъсири бад хоҳад гузошт. Рӯзи чаҳоршанбе кормандони ниҳодҳои давлатии Юнон аз иқдомоти молии ҳукумат ҷиҳати коҳиши музди кор ва хароҷот ба тазоҳурот баромаданд ва мактабу фурудгоҳҳо ва қисман бемористонҳо аз фаъолият монданд.
XS
SM
MD
LG