Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меъмори кӯмак ба муҷоҳиддини афғон даргузашт


Чарлӣ Вилсон вакили мардумии шинохтаи Амрико, ки рӯзи чаҳоршанбе дар синни 76-солагӣ даргузашт. Нақши Чарлӣ Вилсонро дар кӯмакҳои молӣ ба муҷоҳиддини Афғонистон, ки ба зидди сарбозони шӯравии собиқ меҷангиданд, бисёр бузург медонанд. Вай аз соли 1973 то соли 1996 вакили мардумии аёлати Тексас дар Маҷлиси Намояндагони Амрико буд. Чарлӣ Вилсон кӯмак кардааст, то ба Хадамоти Истихборотии Амрико миллиардҳо доллар ихтисос диҳанд, ки ин ниҳод пинҳонӣ ба муҷоҳиддини афғон барои харидани силоҳҳо пул медод. Аз ҷумла барои хариди мушакҳои маъруфи Стингер, ки барои маҳви чархболҳои шӯравӣ истифода мешуд. Чарлӣ Вилсон зоҳиран бар асари сактаи қалбӣ даргузаштааст.
XS
SM
MD
LG