Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати мухолифини Эрон барои тазоҳурот


Раҳбарони мухолифини Эрон аз тарафдоронашон даъват кардаанд, ки имрӯз дар рӯзи таҷлили 31 солгарди инқилоби исломӣ ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ бароянд. Мақомоти Эрон алайҳи ҳаргуна бенизомӣ ҳушдор дода ва гуфтаанд, ки нерӯҳои амниятӣ омодаи бархӯрд бо тазоҳуроти мухолифин ҳастанд. Исмоил Аҳмади Муқаддам – раҳбари нерӯҳои пулис рӯзи чаҳоршанбе гуфт, теъдоде аз афродеро боздошт карданд, ки қасд доштанд, таҷлили солгарди инқилобро баҳам бизананд. Дар тазоҳуроти азими мухолифин дар моҳи декабри гузашта дар Эрон дасти кам ҳашт нафар кушта шуд. Тазоҳуроти тарафдорони Ҷунбиши Сабз, баъди интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳури Эрон дар моҳи июн шурӯъ шуд, ки онро мухолифин олуда ба тақаллуб медонанд.
XS
SM
MD
LG