Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъмоли таҳрим ба зидди чанд ширкати Эрон


Вазорати хазонадории Амрико алайҳи чаҳор ширкати тобеъ ва фармондеҳи шохаи сохтмонии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон таҳрим эъмол кард. Бар асоси ин таҳрим, муомилоти тиҷоратӣ бо ширкатҳои мазкур мамнӯъ аст ва агар ин ширкатҳо дар Амрико ҳисоб дошта бошанд, масдуд карда мешавад. Пажӯҳишгоҳи муҳандисии Фотир, Пажӯҳигоҳи Муҳандисии Имонсозон, Пажӯҳишгоҳҳои Мокин ва Раҳоб ва ҳамчунин Рустам Қосимӣ генерали Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба феҳрасти ба истилоҳ сиёҳи вазорати хазонадории Амрико ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG