Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти сангини пулиси Покистон дар як ҳамла


Мақомоти Покистон мегӯянд, рӯзи чаҳоршанбе як бомбгузории маргталаб, 18 корманди пулисро дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон кушт. Ҳамлаи интиҳорӣ дар минтақаи қабоилнишини Хайбар ба вуқӯъ пайвастааст. Чанд соат пеш аз ин ҳамла дар ҳамин минтақа як чархболи нерӯҳои Покистон ҳангоми амалиёт алайҳи ифротгароён суқут кард. Сарнавишти халабонҳои чархбол то кунун номаълум аст.
XS
SM
MD
LG