Пайвандҳои дастрасӣ

Ба курсии раҳбарии Туркманистон омадани Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар ивази Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбоширо cе сол пеш аксарият гарм истиқбол карда буданд.

Ва нафақат онҳое, ки дар Туркманистон таҳти азобу таъқиб қарор доштанд, ин гуна истиқб. Раҳбари собиқи кишвар –Туркманбошӣ Туркманистонро ба як мавриди масхара дар саҳнаҳои байналмилалӣ табдил дода буд, вале ҳоли мардуме ки дар дохили Туркманистон мезистанд, чунин бо хандаву шӯхӣ намегузашт.

Аммо маълум мешавад, кеши парастиши шаси раҳбар дар Туркманистон бо даргузашти Туркманбошӣ билкулл аз байн нарафтааст, балки
Аз номи тамоми мардуми Туркманистон, ман аз парлумон даъват мекунам, ба раисиҷумҳури маҳбуби мо унвони Қаҳрамони Туркманистонро эъто кунад. Ман мутмаинам, ки тамоми мардуми аз 5 то 90-сола ҳама аз ин пешниҳод пуштибонӣ мекунанд...
феълан ин кишвар шоҳиди талошҳои навбанавест, ки мадҳи раҳбари нав ва тарҳҳои бузург, вале барои мардум камсудеро, ки давлати Бердимуҳаммадов рӯи даст гирифтааст, ба ҳадаф доранд. Оё ин ҳама ба маънии бозгашти дигарбораи Ишқобод ба пайроҳаи кеши шахспарастист?

Пирӯзии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон дар соли 2007 дар дили мардуми ин кишвар умедеро эҷод кард, ки шояд акнун ба низоми таъқиботии маҳсули солҳои раҳбарии Туркманбошӣ нуқта таммат гузошта шавад. Аммо бо гузашти се сол аз шурӯъи раҳбарии Бердимуҳаммадов яқин шуд, ки ин умедҳо ҷомаи амал напӯшиданд ва дар асл фарқ миёни сабки раҳбарии ӯ ва Сафармурод Ниёзов, ки тайи беш аз 20 сол бар Туркманистон раёсат кард, хеле андак аст.

Бердимуҳаммадов амалан баъди даргузашти Ниёзолв дар таърихи 21 декабри соли 2006, вале расман рӯзи 11 феврали соли 2007, баъд аз пирӯзӣ дар як интихоботи бошитоб баргузоршуда ба чавкии раҳбари Туркманистон нишаст. Раҳбари нав корро зоҳиран хуб оғоз кард, ҳарчанд бархе мегӯянд, ҳар иқдоми ӯ дар муқоиса бо роҳи диктаторие, ки президенти умрбодӣ Сафармурод Ниёзов дунбол мекард, метавонист демократитар ба назар бирасад.

Бердимуҳаммадов ба зудӣ таҳсили ҳатмии даҳсоларо, ки Ниёзов то ба ҳадди 9 солаш фароварда буд, эҳё кард. Ӯ, ки худ табиби дандон аст, низоми ҳифзи сиҳҳатро ҳам, ки Ниёзов беаҳамияташ хонда, шумори зиёди кормандони тиббиро барканор кардаву хеле аз бемористонҳоро баста буд, аз нав барқарор кард. Раҳбари ҷадид ҳамчунин тақозои омӯзиши ҳатмии китоби Ниёзов “Рӯҳнома”-ро аз байн бурд.

Ва дар пайи соли аввали раёсат, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов пешрафтҳои бадастовардаи давлаташро чунин тавсиф карда буд:
“Дар оғози раёсати худ ман ин шиорро эълон кардам: “Давлат барои хидмат ба мардум аст.” Нақши ин шиор дар суханрониҳову дастурҳо ва дар тамоми фаъолиятҳои ман пайдост. Давлати мо таҳти ҳамин шиор фаъолият мекунад. Ин шиор бояд дар меҳвари идеологияи мо қарор бигирад.”

Аммо тааҳҳудоти дигари супурдаи Бердимуҳммадов, аз ҷумла дар мавриди дастрасии куллия ба шабакаи Интернет ва беҳбуди шабакаҳои нақлиётиву иртибототӣ то кунун танҳо қисман иҷро шудаанд. Ва интихобкунандагон низ ба чунин натиҷа расидаанд, ки умеди онҳо ба тағйироти бузурги сиёсӣ дар Туркманистон ҳама барҳадар рафтааст.

Интернет дастрас шуд, вале танҳо дар бархе маҳаллҳо ва бо қиматҳои хеле гарону зери назорати маъмурони таъйинкардаи давлат. То ҳол ба ҷуз аз ҳизби ҳокими демократ, ягон ҳизби дигари сиёсӣ дар Туркманистон ба расмият шинохта нашуда, ягон нашрияи мустақил низ ҳанӯз сабти ном нашудааст.

Посгоҳҳо дар дохили кишвар бардошта шуданд ва сафар ба хориҷ барои атбоъи Туркманистон ҳам гӯё осонтар шуд, вале имкони хориҷиён барои боздид аз Туркманистон ҳамчунон маҳдуд ва пурмушкил боқӣ мондааст. Ва ҳарчӣ бештар чунин ба назар меояд, ки Бердимуҳаммадов низ монанди Туркманбошӣ роҳро барои парастиши шахси худ ҳамвор мекунад. Дар даврони Сафармурод Ниёзов Туркманистон маҳз бо чунин шахспарастии беҳамтое дар ҷаҳон ном бароварда буд.

Бердимуҳаммадов осори бозмондаи раҳбари пешинро батадриҷ аз байн мебарад. Кӯчаву хиёбонҳо, рустоҳову корхонаҳо ва ҳатто исми рӯзҳои ҳафтаву моҳҳо, ки ба номи Туркманбошӣ ваё волидони ӯ гузошта шуда буд, тағйири ном карданд. Суратҳо ва пайкараҳои Ниёзов, ки дар саросари Туркманистон гузошта шуда буданд, канда шуданд. Акси Туркманбоширо аз паҳлуи исми ҳамаи рӯзномаҳо низ канданд ва акси ӯ дигар дар пули миллии Туркманистон – манат - ҳам нест.

Ва аммо акнун қаҳрамонсозӣ аз шахси раҳбари нав шурӯъ шудааст, ки як намунаи барҷастааш муколамаи байни раиси куммиссиюни интихоботи Туркманистон Мурод Қориев ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар моҳи октябр буд: “Аз номи тамоми мардуми Туркманистон, ман аз парлумон даъват мекунам, ба раисиҷумҳури маҳбуби мо унвони Қаҳрамони Туркманистонро эъто кунад. Ман мутмаинам, ки тамоми мардуми аз 5 то 90-сола ҳама аз ин пешниҳод пуштибонӣ мекунанд.”

Бердимуҳаммадов он замон дар посух бо изҳори ташаккур гуфт, ки ин комёбии ҳамаи мост. Душвор аст гуфтан, ки дар Туркманистон аввал чӣ пайдо шудааст – шахспарастӣ ё тамаллуқ ба шахси раҳбар. Вақте дар соли 2004 Сафармурод Ниёзов пешниҳод кард, ки дар кишвар интихоботи раёсатҷумҳурӣ барпо кунанд, Муродбердӣ Сафиев, як мансабдор аз вилояти Ахал бо ҳаяҷони зиёд ва ба гуфтаи худаш, аз номи тамоми мардум, чунин гуфт: “Мардуми азиз, ин ҷо бояд ҳатто сӯҳбати интихобот нашавад. Раҳбари мӯҳтарами мо, падари мо, шумо президенти умрбоди моед ва дар ҳамин мақом бимонед. Ин масъала ҷойи ҳатто баҳсу баррасӣ надорад.”

Айни пешниҳодро ҳамин нафар, яъне Муродбердӣ Сафиев баъди чанд сол дар мавриди раисиҷумҳури ҷадид Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов кард ва бо истифода аз айни сифатҳо, чун “раҳбари маҳбубу мӯҳтарам.” Фақат ин ки чанд сол пеш он маҳбуб Ниёзов буд ва акнун ин мӯҳтарам –Бердимуҳаммадов.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG