Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҷоди маҳдудият ба кори матбуоти хориҷӣ дар Эрон


Бино ба хабарҳо, Эрон пайгирии раҳпаймоиҳои рӯзи панҷшанбе бахшида ба солгарди 31-уми инқилоби исломиро ба матбуоти хориҷӣ манъ кардааст. Ин тасмим дар пасманзари нақшаҳои мухолифин барои баргузории эътирозҳои зиддидавлатӣ дар рӯзи солгарди инқилоб гирифта шуд.
Мақомоти Эрон ҳушдор додаанд, ки эътирозгаронро шадидан саркӯб хоҳанд кард.
Бо ин ҳол, генерал Исмоил Аҳмадии Муқаддам, як мақоми аршади пулиси Эрон гуфт, ки пулис дар пешорӯи эътирозҳои барномарезишуда алакай чандин нафар аз фаъолони мухолифинро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG