Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд ба озмоиши мушаки наваш омодагӣ мегирад


Ҳинд гуфт, то як соли дигар мушаки навашро, ки қобил ба бурдани кулоҳакҳои ҳастаӣ ба фосилаи то 5000 километр аст, озмоиш хоҳад кард. Раҳбари таҳқиқоти низомии Ҳинд Вӣ Кей Сарасват дар нишасти хабарие дар Деҳлии нав гуфт, мушаки навъи Agni-V то як соли дигар дар маърази озмоиш қарор дода хоҳад шуд. Дурпарвозтарин мушаки Ҳинд феълан Agni-III аст, ки тӯли парвозаш то 3500 километр баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG