Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши мақомот ба гузориши нозирони САҲА


Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи иҷроияи КМИР
Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи иҷроияи КМИР

Масъулони Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гузориши нозирони САҲА дар робита ба корзори интихоботи парлумонӣ дар ин кишварро дур аз воқеият хондаанд.

Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи иҷроияи КМИР, бо зикри ин матлаб афзуд, ки ӯ аз муҳтавои гузориши нозирони САҲА огоҳ аст, вале интиқодоти онҳоро дуруст намешуморад.

Вай гуфт, бархе аз пешниҳодот ва нуктагириҳои нозирони мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ба қавонини интихоботии Тоҷикистон хуб огаҳ нестанд.

Оқои Додоҷонов гуфт, дар ҳоле, ки ҳама аҳзоби сиёсии Тоҷикистон имкони ворид кардани намояндагони худ ба ҳайати комиссиюни қитъавиро надоранд, нозирон ин масъаларо ҳамчун камбуд дар кори баргузории интихобот мешуморанд, ки ба воқеият мувофиқат намекунад.

Раҳбари Дастгоҳи иҷроияи КМИР ҳамчунин афзуд, ки ҳамин тавр интиқоди нозирони САҲА дар бораи набуди феҳрасти сартосарии раъйдиҳандагон, ки ба унвони нуқси кори баргузории интихобот қаламдод мешавад, дуруст нест. Зеро чунин тартиби корро қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ накардааст.

Ҳайати нозирони САҲА дар нахустин гузориши миёндаврии худ, ки дирӯз мунташир шуд, ҷараёни баргузории маъракаи интихоботь дар Тоыикистонро мавриди интиқод қарор додаанд.

Дар ин гузориш аз нобаробарии шароити ширкати аҳзоби сиёсӣ, мудохилаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва номутобиқатии қонуни интихоботии ин кишвар бо мавозини байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карда мешавад.

Нозирони интихоботии САҲА бар ин назаранд, ки фазои интихоботӣ дар Тоҷикистон тавассути расонаҳо таъмин намешавад ва бархе аз тавсияҳои ин созмон, ки ҳанӯз баъди анҷоми интихоботи парлумонии соли 2005 ба ҳукумати Тоҷикистон ироа шуда буд ба назар гирифта нашудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузории як интихоботи шаффоф ва одилонаро замонат дода ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ин маъракаро як имтиҳони ҷиддӣ барои давлаташ талаққӣ карда буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари узв дар САҲА тааҳҳуд кардааст, ки меъёри пазируфташудаи ин созмонро муроот мекунад. Ба ин далел коршиносони тоҷик мегӯянд арзёбии манфии нозирони байналмилалӣ ваъдаи додаи раисиҷумҳуриро зери суол мебарад.

Зимнан ин гузориши нахустини миёндаврии нозирони САҲА дар бораи интихоботи парлумонии Тоҷикистон аст. Нозирони ин созмон ҳамчунин то анҷоми интихобот гузоришҳои дигареро дар иртибот ба ҷараёни ин маърака ва сипас гузоришии ҷамъбастии худро баъди анҷоми интихобот мунташир хоҳанд кард.

Қарор аст, ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирон аз кишварҳои узви САҲА, ИДМ ва созмони Шонгҳой назорат кунанд.
XS
SM
MD
LG