Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии амрикоии Endeavour ба мадор расид


Киштии кайҳонии амрикоии Endeavour ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ расид. Ин киштӣ бо 6 фазонавардаш тайи 13 рӯзи парвоз бояд дар Истгоҳи кайҳонӣ ду модули навро қасб кунанд. Endeavour рӯзи душанбе аз пойгоҳи кайҳонии Кеннедӣ дар аёлати Флорида ба парвоз даромада буд.
Ин яке аз охирин парвозҳои киштиҳои навъи Endeavour ба мадор буд. Баъди парвози 4 киштии дигар Амрико истифодаи ин навъи киштиҳои кайҳониро қатъ мекунад.
XS
SM
MD
LG