Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Пекин ба истифодаи камтар аз ҳукми қатл


Додгоҳи олии Чин аз қозиён даъват кард, истифодаи ҳукми эъдом дар қиболи афродеро, ки ба ҷиноёти хеле ҷиддӣ муттаҳам мешаванд, маҳдуд кунанд. Бино ба гузориши хабаргузории расмии Синхуа, Додгоҳи олӣ тавсияномае таҳия кардааст, ки судури ҳукми қатлро танҳо дар мавриди мавҷудияти шавоҳиди қотеъ ва фаровон муҷоз медонад. Дар Чин барои беш аз 60 ҷиноят, аз ҷумла барои ришвахорӣ, қочоқи маводи мухаддир ва қаллобӣ низ ҳукми қатл дар назар дошта шудааст.
Бино бар гузориши Amnesty International, беш аз 1700 маврид аз 2400 ҳукми қатле, ки дар соли 2008 дар саросари ҷаҳон иҷро шуд, маҳз дар Чин иҷро шудааст.
XS
SM
MD
LG