Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахбори зиддунақиз дар бораи ҳалокати Маҳсуд


Вазири умури дохилии Покистон Раҳмон Малик имрӯз гуфт, маълумоти мувассақе ба даст овардааст, ки ҳокии бар асари захмҳои дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико кушта шудани раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Маҳсуд аст. Раҳмон Малик ба хабарнигорон гуфт, ки аммо ӯ ҳанӯз таъйиди хабари марги Маҳсудро надорад.
Бо ин ҳол, Толибон хабари ҳалокати раҳбари худро радд мекунанд. Сарусадоҳо дар бораи ҳалокати раҳбари ҷангиён рӯзи сешанбе баъди он ба по хест, ки як сухангӯи Толибон бидуни бурдани ном ба хабарнигорон гуфт, ки Ҳакимуллоҳ Маҳсуд бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш даргузашт.
XS
SM
MD
LG