Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ фаъолияти масеҳиҳои баптистро боздошт


Маркази Иттиҳоди баптистҳои инҷилӣ дар Тоҷикистон

Маркази Иттиҳоди баптистҳои инҷилӣ дар Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти гурӯҳи динии мавсум ба Иттиҳоди баптистҳои инҷилӣ дар ин шаҳрро боздоштааст.

Масъулони шӯъбаи дин дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар як тамоси телефонӣ гуфтанд, ки пайравони ин гурӯҳ бидуни қайди расмӣ дар як манзили хусусӣ машғули ибодат будаанд.

Назира Додхудоева, масъули кор бо созмонҳои ғайриисломӣ дар вазорати фарҳанг мегӯяд, борҳо ба унвонии ин гурӯҳ нома фиристода, даъват кардаанд, ки аз қайд гузаранд. Вале ин гурӯҳи мазҳабӣ ба гуфтаи ӯ махсус фаъолияти худро қонунӣ накардааст: “Агарчӣ фаъолияти онҳо ғайриқонунӣ буд ва онҳо таҳти назорати мо набуданд, мо ба онҳо муроҷиат кардем. Ҳукумати ноҳия чанд бор огоҳӣ додааст. Бо ин вуҷуд онҳо аз қайди расмӣ нагузаштанд”.

Андрей Чумаченко, як масъули Иттиҳоди баптистҳои инҷилӣ дар Душанбе, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, онҳо аз соли 1961 ба ин сӯ бидуни қайди расмӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон фаъолият доштанд ва аз ин ба баъд низ бе қайди давлатӣ фаъолият хоҳанд бурд. Вай гуфт, “мо муқобили қайди расмӣ нестем, агар Иттиҳоди мо дар кишварҳои дунё ба натиҷае расад, ки дар қайди давлатӣ будан зарур аст, oн вақт мо ҳам аз қайди давлатӣ мегузарем. Аммо дар ҳоли ҳозир мо чунин корро аз пеши худ карда наметавонем”.

Андрей Чумаченко, масъули Иттиҳоди баптистҳои инҷилӣ, мегӯяд, онҳо аз соли 1961 ба ин сӯ дар Тоҷикистон бидуни қайди расмӣ фаъолият доштаанд ва аз ин ба баъд низ бе қайди давлатӣ фаъолият хоҳанд кард
Оқои Чумаченко мегӯяд, аз қайди давлатӣ гузаштан онҳоро маҷбур мекунад, ки ба қонун итоат кунанд. Қонуне, ки ба гуфтаи ӯ бо бандҳои Инҷил, китоби муқаддаси масеҳиён, мухолифат доштааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сайидбек Маҳмадуллоев, масъули бахши диншиносӣ дар вазорати фарҳанг, гурӯҳи баптистҳои инҷилӣ мисли “Шоҳидони Яҳво”, як созмони дигари масеҳӣ, вобастагияшро аз мақомот намехоҳад ва “банда”-и қонун нест. Вай мегӯяд, ин гурӯҳи динӣ, ки Инҷилро мувофиқи хостаҳои худ тафсир мекунад, ҳукуматҳо дар рӯи заминро заиф ва дар ниҳояти амр мағлубшаванда меҳисобад: “Онҳо ба ин боваранд, ки салтанатҳои заминӣ аз ҷониби сипоҳи осмонӣ ё сипоҳи худовандӣ идора мешаванд ва дар ниҳояти амр шикаст хоҳанд хӯрд. Сипас дар рӯйи замин танҳо салтанати илоҳӣ ҳукмрон мешавад. Миёни онҳо ҳамин гуна як ақида ҳаст”.

Бо ин ҳол, Андрей Чумаченко мегӯяд, онҳо ҳар ҳафта рӯзи якшанбе дар манзили истиқоматии у ҷамъ меоянд ва Инҷил мехонанду ибодат мекунанд. Вай мегӯяд, феълан ҳудуди 60 нафар аз аъзо ва ҷонибдорони бапститҳои инҷилӣ дар Тоҷиикстон ба сар мебаранд. Ба саволи мо дар ин бора, ки онҳо киҳоянд, гуфт:, “онҳо одамони гуногунанд. Гуногункасбу гуногунсол ва гуногун миллат. Яъне одамони ҷавону миёнсолу пир ва онҳое, ки тоҷику русу узбаканд. Мо ҳич кори ғайриқонунӣ надорем, Фақат ҷамъ мешавему ибодат мекунем, тамом”.

Қатъи фаъолияти Иттиҳоди баптистҳои инҷилӣ дар Душанбе дар ҳоле сурат гирифт, ки дар охири соли гузашта вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолияти чор созмони марбут ба баптистҳоро барои пешниҳод накардани аснодашон барои номнависи такрорӣ дар ин вазорат ғайриқонунӣ эълон кард. Ҳоло дар Тоҷикистон расман 72 муассисаи динии ғайриисломӣ фаъолият мекунанд. Дар ҳоле ки ин рақам дар як соли пеш, яъне то замони тасвиби қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба 84 адад мерасид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG