Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумият ва афви билофосилаи аксбардори узбак


Додгоҳи Узбакистон имрӯз аксбардори ҷоизадори узбак Умеда Аҳмадоваи 54-соларо бо ҷурми тавҳин ба обрӯи кишвар тавассути аксҳои аз ҳаёти рӯзмарраи мардуми оддӣ бардоштааш маҳкум кард, вале билофосила ба дунболи судури ҳукм ӯро афв кард. Умеда Аҳмадова ба он муттаҳам мешуд, ки дар як маҷмӯъаи аксҳо ва филми мустанаде, ки бо кӯмаки молии сафорати Швейтсария бардошта буд, зиндагии мардуми Узбакистонро аз зовияи манфӣ тасвир кардааст.
Бо чунин иттиҳомоти ворида Умеда Аҳмадова метавонист то ба 2 соли корҳои иҷборӣ ваё ба 6 моҳи зиндон маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG