Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонтарин номзади интихоботи парлумонии Тоҷикистон


Орзу Ҳамидов мехоҳад, ҳамзамон бо таҳсил дар донишгоҳ аз ҷавонон дар маҷлиси маҳаллӣ намояндагӣ кунад

Орзу Ҳамидов мехоҳад, ҳамзамон бо таҳсил дар донишгоҳ аз ҷавонон дар маҷлиси маҳаллӣ намояндагӣ кунад

Барои нахустин бор дар шаҳри Кўлоб як ҷавони 22-сола номзадии худро ба вакилии маҷлиси маҳаллӣ ба таври худпешбарӣ пешниҳод намудааст.

Орзу Ҳамидов донишҷўи соли панҷуми филилали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб аст, ки тасмим дорад, дар сурати пирӯз шудан дар интихобот аз ҷавонон дар маҷлиси вакилони мардумии шаҳр намояндагӣ кунад.

Ба гуфтаи ў, мутобиқи ҳисоби оморӣ, наздики 40 дарсади аҳолии шаҳру навоҳии Кўлобро ҷавонон ташкил медиҳанд, аммо онҳо дар маҷлисҳои маҳаллӣ умуман намоянда надоранд.

Ба қавли Орзу, дар мафкураи аксарият чунин андеша ҷой дорад, ки вакил бояд ҳатман як нафар шахси мансабдор ва солманд бошад, вале ӯ талош хоҳад кард, то ботил будани ин андешаро собит кунад.

Дар ҳамин ҳол Давлатшо Шарофиддинов, раиси комиссияи интихоботии шаҳри Кўлоб, мегӯяд, рақибони Орзӯ дар ҳавзаи рақами 18 и шаҳр дар синну сол ба маротиб аз ӯ бузургтаранд.

Ба унвони мисол яке аз рақибонаш аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз ӯ 50 сол бузург буда, барои севвум бор аст, ки дар интихоботи маҷлиси маҳаллӣ ширкат мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ду дафъаи қаблӣ ғолиб низ омадааст.

Аммо ба гуфтаи Шарофиддинов, дар интихоботи навбатӣ ширкати ҷавонон он қадар назаррас нест. Ва дар ҳамин ҳол Сулаймони Камолзода, як коршинос, мегӯяд, аксари ҷавонони ҳӯшманд бештар ба тиҷорат шуғл дошта, то ҳанӯз ба сиёсат ҷиддӣ рӯй новардаанд.

Рустам Наботов, як ҷавони дигар, гуфтаҳои болоро тасдиқ намуда афзуд, ки барои ҷавонон ширкат дар интихобот ва пирӯз шудан мушкил аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, аксари номзадҳо мансабдорон буда, бо ҳар роҳу восита барои пирӯз шудани ҷавонон имкон нахоҳанд дод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Орзӯ ба пирӯз шуданаш дар интихобот бовар дорад. Вай мегӯяд, бинобар оне, ки аксари интихобкунандагонро ҷавонон ташкил медиҳанд, бовар дорад, ки ба ҷонибдории ӯ овоз хоҳанд дод.

Ҳамакнун, ҷавонтарин номзад ба тарғиботи пешазинтихобтии худ ҷиддӣ машғул шудааст ва то кадом андоза ӯ пирӯзӣ ба даст меорад, пас аз 28 уми феврали соли равон, яъне замони ба охир расидани раъйдиҳӣ маълум хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG