Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти “Бирлик” алайҳи сохтмони Роғун


Тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун
Тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Ҳизбҳои мухолифи давлати Узбакистон мегӯянд, мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳастанд, аммо онҳо мӯътақиданд, ки сиёсати иштибоҳии Ислом Каримов Тоҷикистонро водор ба ин иқдом кардааст.

Муовини раиси ҳизби ҷунбиши мардумии “Бирлик” Пӯлод Охунов, ки мухолифи давлати Ислом Каримов аст, дар баёнияе гуфтааст, ин созмон замоне дар заминаи талошҳои мардумӣ барои наҷоти баҳри Арал ташкил шуда буд, ки баъдан ба як ҷунбиши сиёсӣ табдил ёфт ва наметавонад ба масоили зистмуҳитии минтақаӣ бетафовут бошад.

Бинобар ин, омадааст дар ин баёния, “Бирлик” аз ибтидо мухолифи сохтмонҳои бузурги тарҳрезишуда дар замони шӯравӣ аст. Сохтмонҳое, ки ба гуфтаи масъулини ин ҳизб, дар Маскав ва бидуни назардошти манофеи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд.

Ба андешаи масъулини “Бирлик” сохтмони ин иншоотҳои азим, ки “Роғун” бузургтарини онҳост, пайомадҳои мудҳиши зистмуҳитӣ хоҳанд дошт. Пӯлод Охунов мегӯяд, мушкиле, ки вобаста ба сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пеш омадааст, мушкили танҳо ин ду кишвар нест, балки масъалаи ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои минтақа мебошад.

Муовини раиси “Бирлик” мегӯяд, бовар дорад, ки иқдоми Тоҷикистон дар ҷиҳати сохтмони “Роғун” ба мақсади баровардани ниёзаш ба нерӯи барқ дар ояндаи наздик метавонад боиси осебпазирии ҳамаи сокинони дигари Осиёи Марказӣ шавад.

Пӯлод Охунов зимни изҳори нигаронӣ, мудохилаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҷалби СММ ва Иттиҳодияи Аврупоро барои ҳалли ин қазия амре зарурӣ хонда ва аз ин ҳам фаротар рафта ва гуфтааст, ки ин созмонҳо бояд, ба гуфтаи ӯ, аз ҳаққи миллати узбак ҳимоят кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Отаназар Орипов, раиси ҳизби «Эрк», ки низ аз ташаккулҳои умдаи мухолифи давлати Узбакистон аст, гуфтааст, шахсан мухолифи сохтмони Роғун ҳаст ва аз пайомадҳои сохтмони нерӯгоҳҳои бузург барои муҳити зист нигарон мебошад, аммо дар айни ҳол бовар дорад, ки Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, бо сиёсатҳои иштибоҳи худ Тоҷикистонро барои сохтмони ин нерӯгоҳ водор кардааст. Зеро аз сӯи дигар Тоҷикистон ҳам ба истифодаи манобеи энержӣ ба шиддат ниёз дорад.

Аммо мухолифони сиёсии давлати Узбакистон дар ҳоле аз иқдомоти ҳукумати он кишвар ҳимоят мекунанд, ки қабл аз он мухолифони сиёсии давлати Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар қазияи “Роғун”, ба истилоҳ, ба як овоз аз мавқеи давлати Тоҷикистон ҳимояти худро эълон намуда ва иқдом ба харидории саҳмияҳои Роғун карда буданд.

Акнун ин иқдоми мухолифони узбак навъе пайравӣ аз мухолифони тоҷикро мемонад ва шояд таҳаввули дигаре дар муносиботи ду кишвар дар ҳоли шакл гирифтан бошад.
XS
SM
MD
LG