Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 165 тан бар асари тармарезиҳо дар Соланг


Сурайё Далел, кафили вазири ҳифзи сиҳҳати оммаи Афғонистон гуфт, ниҳодҳои наҷотбахш аз зери тармаҳои рехта дар кӯҳҳои шимоли Кобул алакай аҷсоди 165 нафарро берун кашидаанд. Тармарезиҳо рӯзи душанбе дар пайи барфбориҳо ва баста шудани ағбаи Соланг дар кӯҳҳои Ҳиндукуш рух дод.
Нур Афғон, ронандаи автобусе, ки бо мусофиронаш дар ағбаи Соланг зери тарма монд, мегӯяд, аз 40 мусофири ин мошин ҳамагӣ 18 нафараш наҷот ёфтааст.
Сурайё Далел тармарезиҳои ахирро аз бузургтарин фалокатҳои табиие номид, ки Афғонистон тайи чанд соли охир аз он ранҷ мекашад.
XS
SM
MD
LG