Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Саркисиён аз раҳбарони Туркия


Раисиҷумҳури Арманистон аз Туркия даъват кард, тибқи тавофуқоти бо Ереван бастааш амал кунад. Серж Саркисиён дар номае ба ҳамтои туркаш Абдуллоҳ ҳушдор дод, ки идомаи таъхир дар ин роҳ метавонад рӯйдоди таърихӣ - эҳёи дубораи равобит миёни Туркияву Арманистонро ба ақиб биандозад.
Саркисиён афзудааст, ки фурсати гузаштан аз суханҳои баланд ба амалҳои бузург ва эҷоди як минтақаи амну босубот барои наслҳои оянда фаро расидааст.
Арманистону Туркия то ҳол равобити дипломатӣ надоранд.
Анкара намехоҳад қатли омми арманиҳо дар солҳои ҷанги аввали ҷаҳонро ҳамчун “наслкушӣ” эътироф кунад. Мушкили дигар вилояти умдатан арманинишини Кӯҳистони Қаробоғ аст, ки худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG