Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии "Шери тоҷик" дар Финландия


Муштзани тоҷик Шералӣ Мамадалиев, мулаққаб ба “Шери тоҷик”, дар як сабқати байналмилалӣ дар шаҳри Ваасаи Финландия пирӯз шуда , унвони қаҳрамонии бокси Аврупоро дар чаҳорчӯби WBO Europa ва PABA ба даст овардааст.
“Шери тоҷик” дар бозии ниҳоии ин сабқат муштзани фаронсавӣ Фредерик Серреро баъди ҳамагӣ 6 давр шикаст дод.
Шералӣ Мамадалиев то кунун дар 9 рақобат ширкат карда, дар ҳамааш дастболо шудааст. 5 пирӯзиро “Шери тоҷик” тавассути нокаут ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG