Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон воридоти гӯшти мурғро иҷозат дод


Тоҷикистон воридоти маҳсулоти гӯштӣ аз 15 кишвари Аврупову Осиё, аз ҷумла аз Ветнаму Бангладеш, Норвегияву Испания ва Инглистону Ҳиндро дубора иҷозат додааст. Воридоти маҳсулот аз ин кишвар ба далели бурузи бемориҳои сироятие, чун зукоми мурғ ва сумдард манъ шуда буд.
Тоҷикбек Норов, як намояндаи хадамоти назорати байтории вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтааст, ки Тоҷикистон аз бархеи ин кишвар аслан ягон навъи маҳсулоти ғизоӣ ворид намекард, вале воридоти маҳсулоте, чун гӯшти гову мурғ ва шири хушкро аз ин 15 кишвар ба далели пешгирӣ аз густариши ангезандаҳои амрози сироятӣ манъ карда буд.
XS
SM
MD
LG