Пайвандҳои дастрасӣ

Дригин рӯзи 13 феврал ба сабқат оғоз хоҳад кард


Лижарон Андрей Дригин, танҳо варзишгаре, ки дар бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада аз Тоҷикистон намояндагӣ хоҳад кард, алакай рӯзи 13 феврал, дар рӯзи дуввуми Олимпиада, вориди сабқат хоҳад шуд.
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Ванкувер имсол аз 12 то 28 феврал доир хоҳанд шуд. Ҳайъати Тоҷикистон дар ин бозиҳо аз 5 нафар иборат буда, ба ҷуз аз лижаронҳо Андрей Дригин ва Алишер Қудратов, се мақоми варзиширо низ дар бар мегирад.
Аммо Қудратови 24-сола ҳаққи ширкат дар мусобиқоти олимпиро ба даст оварда натавонист.
Олимпиадаи Ванкувер барои Тоҷикистон баъд аз Солт-Лейк-Ситӣ ва Турин севвумин Бозиҳои зимистонаи олимпист.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG