Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рустоҳои Кӯлоб фақат 55 дарсад хатти об доранд


Танҳо 55,3 дарсад аз ҳудуди 770 000 сокини манотиқи рустоии минтақаи Кӯлоб бо хутути интиқоли оби поки ошомиданӣ таъмин будаанд. Саидасвар Аламов, сардухтури беҳдоштии минтақаи Кӯлоб ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфт, пӯшиши навоҳии минтақа бо хутути интиқоли об нобаробар буда, дар ҳоле ки дар ноҳияи Восеъ 72 дарсад оби “водопровод” доранд, ин нишондиҳанда дар Фархор ҳамагӣ 2,1 дарсад аст. Оқои Аламов гуфтааст, 17,6 дарсади сокинони рустоҳои минтақа аз оби чашма ва 9,2 дарсад аз оби оварда истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG