Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳдоси терминали фурудгоҳ ба таъхир уфтод


Эҳдоси терминали байналмилалии фурудгоҳи Душанбе, ки мебоист бар пояи 20 миллион евро сармоягузории Фаронса ва 7,5 миллион евро саҳми худи давлати Тоҷикистон анҷом мешуд, барои 6 моҳ ба таъхир гузошта шуд. Мақомоти “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” гуфтаанд, ки иллати таъхир вуҷуди таноқуз дар меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ дар Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла дар фарқи таркиби бетон, будааст. Феълан як ҳайъати коршиносони фаронсавӣ ба хотири омӯзиши мушкили бархоста дар Душанбе ба сар мебарад.
Терминали нав мебоист дар майдони 11 000 метри мураббаъ ва барои дастикам 5000 мусофир сохта мешуд.
Масъулияти эҳдоси ин терминалро ширкатҳои фаронсаии Alpha Airport ва SOFEMA Group бар ӯҳда доранд.
XS
SM
MD
LG