Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди намояндаи САҲА аз даъвоҳо алайҳи матбуот


Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Миклош Ҳарастӣ даъвоҳои ахири додгоҳии мақомоти баландпояи давлатӣ алайҳи нашрияҳои мустақил дар Қазоқистону Тоҷикистон ва Маҷористонро “талошҳои хатарноки эъмоли сонсур” хонда, маҳкум кардааст. Ҳарастӣ таъқиби элчиёнеро, ки хабари бад меоранд, анъанаи қадими низомҳои худкома хонд ва гуфт, 1 миллиону 100 евро ҷуброн хостани мақомот аз 5 нашрияи мустақили чопи Душанбе ин расонаҳоро маҷбур мекунад, ки баста шаванд. Миклош Ҳарастӣ гуфтааст, дар намунаи Қазоқистону Тоҷикистон талаби муҷозоти шадиде, ки даъвогарон тақозо доранд, мавҷудияти расонаҳои ангуштшумори мунтақидро зери хатар мегузорад.
Мақомоти мухталифи давлатӣ бар асоси се даъвои алоҳида аз 5 нашрияи чопи Душанбе – “Пайкон”, “Миллат”, “Фараж”, ”Озодагон” ва “Азия Плюс” 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷуброн хостаанд.
XS
SM
MD
LG