Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияҳо домоди президентро ба додгоҳ мекашанд


Темур Кулибоев, раиси ширкати давлатии “Казмунайгаз” ва домоди Нурсултон Назарбоев,раисиҷумҳури Қазоқистон
Темур Кулибоев, раиси ширкати давлатии “Казмунайгаз” ва домоди Нурсултон Назарбоев,раисиҷумҳури Қазоқистон

Сарварони бархе аз нашрияҳои мустақили Қазоқистон тасмим гирифтаанд, Темур Кулибоев, раиси ширкати давлатии “Казмунайгаз” ва домоди раисиҷумҳури Қазоқистонро ба додгоҳ кашанд.

Зеро, ба гуфтаи онҳо, домоди раисиҷумҳур ва падари вай ба таври ғайриқонунӣ нашрияҳои мустақилро ба додгоҳ кашида, ба онҳо зарари моддиву маънавӣ расондаанд.

Дар нишасти матбуотие, ки сарварони нашрияҳои мустақил, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва аҳзоби мухолиф доир карданд, як баёнияи муштараки рӯзноманигорон пахш гардид. Дар баёния аз фишорҳои мақомот ба нашрияҳои мустақили ин кишвар изҳори нигаронии шадид шудааст.

Ин нашрияҳои мустақил ахиран изҳороти бозаргони дар хориҷа паноҳбурдаи қазоқ Мухтор Аблязовро дар бораи фасодкориҳои домоди президенти Қазоқистон нашр карда буданд ...
Дар ин баёния зикр гардидааст, ки рӯзи 1 феврал қозии додгоҳи шаҳри Алмаато бидуни бозрасии комил чопи ҳар гуна матлабро дар бораи домоди раисиҷумҳур манъ карда, бо ҳамин дар кишвар сензура ҷорӣ кардааст. Дар натиҷаи ин тасмими додгоҳ тиражи чанд нашрияи мустақил ҳабс шудааст.

Ин нашрияҳои мустақил ахиран изҳороти бозаргони дар хориҷа паноҳбурдаи қазоқ Мухтор Аблязовро дар бораи фасодкориҳои домоди президенти Қазоқистон нашр карда буданд. Дар пайи нашри ин матолиб Темур Кулибоев, раиси ширкати давлатии “Казмунайгаз” ва домоди Нурсултон Назарбоев, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Вале рӯзи 9 феврал дар натиҷаи эътирози шадиди журналистон додгоҳ иштибоҳи худро иқрор кард ва ҳукмашро бозпас хонд. Гулҷон Эргалиева, сардабири ҳафтаномаи “Свобода слова”, ҳукми қозиро амали ҷиноӣ мешуморад. Вай гуфт, ҳукми додрас бояд ҳамчун амали чиноӣ баррасӣ шавад.

Ағлаби ширкаткунандагони нишасти матбуотӣ таъкид карданд, ки ин ҳукми додгоҳ ва ҳам чандин мурофиаҳои дигари додгоҳӣ дар Қазоқистон собит месозад, ки додгоҳҳои ин кишвар мустақил нестанд.

Амирҷон Косанов, дабири кулли Ҳизби сотсиал-демократии “Озод”, гуфт, ҳукми додгоҳи Алмаато ангезаи сиёсӣ дорад. Оқои Косанов бар ин аст, ки чунин бархурд ба рӯзномаҳои мустақил ва таҳти фишор қарор додани онҳо корест, ки додгоҳ қаблан борҳо анҷом додааст.

Дар нишасти матбуотӣ Тамара Калеева раиси созмони “Адил соз” гуфт, ки васоити ахбори умум ҳеч гоҳ дар пахши иттилоъ, ки аз номи манбаи муайян гуфта шудааст, ҷавобгар нестанд.

Ба гуфтаи хонум Калеева, Мухтор Аблязов иттилоъ дар бораи фасодкории Темур Кулибоевро пешкаш ва бо ҳуҷҷатҳо онро асоснок кардааст ва нашрияҳо дар нашри он масъулият надоранд.

Сардабири нашрияи “Свобода слова” Гулҷон Эргалиева гуфт, ки онҳо Темур Кулибоевро ба додгоҳ мекашанд ва мекӯшанд, ки вай зарари маънавию моддиеро, ки ба онҳо расонидааст, ҷуброн намояд. Вай пешниҳод намуд, ки сарварони нашрияҳои ҷабрдида бо Канат Савдобоев - раиси кунунии САҲА ва вазири хориҷаи Қазоқистон мулоқот кунанд.

Ҳамчунин ширкаткунандагон аз додситони кулли кишвар талаб карданд, ки ба баёнияи падари Темур Кулибоев, ки хостааст, рӯзноманигоронро барои чопи матлаб дар бораи писараш эъдом кунанд, баҳои ҳуқуқӣ диҳад.

Дар ҳамин ҳол худи Темур Кулибоев аз шарҳи ҳукми додгоҳ дар мавриди лағви ҳукми пештара худдорӣ намуд. Вай гуфт, ки ҳуҷҷати Мухтор Аблязов ба ниҳоди интизомӣ расидааст ва баъди анҷоми бозрасӣ ӯ назари хешро баён хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG