Пайвандҳои дастрасӣ

Тавқифи сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи Душанбе


Бозсозии терминали байнулмилалии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ки аз сӯи ширкатҳои фаронсавӣ амалӣ мешавад, то шаш моҳ мутаваққиф гузошта шудааст. Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, сабаби асосии мутаваққиф шудани бозсозии фурӯдгоҳ мувофиқат накардани корҳои сохтмонӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ будааст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз миёни масъулони сафорати Фаронса ва намояндагони фурӯдгоҳ музокирот дар ин маврид музокирот сурат хоҳад гирифт.
Фаронса барои эҳдоси як терминоли дуошёна дар қисмати ғарбии фурудгоҳи Душанбе қарзи дарозмуддатеро дар ҳаҷми 17 миллион евро тахсис додааст. Маблағи умумии ин тарҳ 24 миллион евро буда, саҳми Тоҷикистон дар он 7 миллион евроро ташкил медиҳад.
Тарҳи терминоли ҷадид аз ҷониби меъморони фаронсавӣ таҳия шудааст ва сохтмони онро ширкатҳои фаронсавии «Sofema group» ва «Alpha airport» анҷом хоҳанд дод. Тавофуқ дар бораи бозсозии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дар авохири соли 2006 миёни Фаронса ва Тоҷикистон ҳосил шуда буд. Ҷониби Фаронса бунёди терминоли байнулмилалиро дар Душанбе посух ба иҷозати давлати Тоҷикистон барои истифодаи фурӯдгоҳ барои низомиёни фаронсавӣ арзёбӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG