Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии нозирон аз фазои интихоботи порлумонӣ


Нозирони хориҷӣ дар гузориши тозаи худ доир ба корзори интихоботӣ дар Тоҷикистон аз номукаммаллии низоми интихоботӣ дар кишвар танқид кардаанд. Дар гузориши миёндавраии нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди фазои пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон омадааст, бо вуҷуди ислоҳи қонуни интихобот дар соли 2004 камбудиҳои назаррасе дар он вуҷуд дорад, аз ҷумла кумиссиёни интихоботӣ фарогир ва аз афроди гуногунандеш иборат нест. Ба ҷойи корзори интихоботӣ, бунёди нерӯгоҳи барқии обии Роғун баҳсу тарғиб мешавад. Набуди афкори мухталиф дар расонаҳо низ ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ мояи нигаронӣ мебошад. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 28 феврал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG