Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА вуҷуди монеа дар музокирот бо Русияро рад кард


Кохи Сафед рад кард, ки ихтилофоти назар бо Русия дар мавриди сипари дифоъи мушакии Иёлоти Муттаҳида дар Аврупо монеъи имзои аҳдномаи нави миёни ду кишвар барои коҳиши силоҳҳои стротежии атомӣ шудаааст. Роберт Гибс – сухангӯи Кохи Сафед, гуфт, чунин гузоришҳо “дуруст нестанд”. Пештар аз ин генерал Николай Макаров – аз фармондеҳони олирутбаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия, гуфт, масъалаи мазкур як монеае барои имзои аҳдномаи коҳиши силоҳҳои стротежии атомӣ шудааст. Амрико мегӯяд, ҳадаф аз истиқрори сипари дифоъи мушакиаш дар Аврупо рафъи ҳамлаҳои эҳтимолии мушакӣ аз Эрон аст.
XS
SM
MD
LG