Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Милал хостори кӯмак ба Покистон шуд


Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, муассисаҳои имдодӣ дар Покистон барои кӯмак ба мардуми беҷошуда бар асари ҷанг бо Толибон ба 538 миллион доллар ниёз доранд. Созмони Милал мегӯяд, амалиёти муваффақиятомези артиши Покистон дар Дараи Свот ва манотиқи атрофи он, боиси бозгашти як миллиону ҳафтсад ҳазор нафар ба хонаҳояшон шудааст. Аммо бадтар шудани авзоъ дар дигар манотиқ сабаби афзоиши паноҳандагони нав шудааст. Ба тахмини Созмони Милал, то кунун як миллион нафар аз покистониҳо ҳамчунон бесарпаноҳ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG