Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рамзан Қодиров даъвояшро аз додгоҳ фаро хонд


Рамзан Қодиров-раиси ҷумҳури Чеченистон даъвои додгоҳии худ бар зидди ду нафар фаъолони ҳуқуқи башарро фаро хондааст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли Алвӣ Каримов-сухангӯи Рамзан Қодиров гуфтааст, модари Рамзан Қодиров аз писараш дархост кардааст, ки даъвои додгоҳиашро фаро хонад. Соли гузашта президент Қодиров дар мурофиаи додгоҳии Олег Орлов-раҳбари гурӯҳи ҳуқуқи башари Русия мавсум ба Мемориал баранда шуда буд. Додгоҳ ҳукм кард, ки Орлов барои тӯҳмат ба Қодиров барои куштор 2 300 доллар ҷуброн пардохт кунад.
XS
SM
MD
LG