Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз сипари зиддимушакии Амрико интиқод кард


Имрӯз Николай Патрушев-Дабири Шӯрои Амнияти Миллии Русия нақшаҳои Амрикоро дар мавриди истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Аврупо изҳори назар кард ва гуфт, "ин сипари зиддимушакӣ ба Русия нигаронида шудааст". Аммо Амрико мегӯяд, ки ин сипар барои дифоъ аз ҳамлаи эҳтимолии Эрон дар Аврупо гузошта мешавад. Генерел Патрушев ҳамчунин гуфт, ки тавсеаи НАТО ба самти шарқ ба Русия хатар дорад. Патрушев ҳамчунин аз НАТО интиқод кард, ки Гурҷистонро бо аслиҳа таъмин мекунад ва ба Гурҷистону Украина пешниҳод кардааст, ки ба узвияти НАТО дароянд.
XS
SM
MD
LG