Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

28 нафар дар Афғонистон зери тарма мондаанд


Мақомти Афғонистон мегӯянд, ки шаби гузашта дар натиҷаи резиши тарма дар ағбаҳои Кӯҳи Ҳиндукуш дасткам 28 нафар кушта, беш аз 70 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати дифоъ мегӯяд, садҳо нафар дар гири барфу тарма мондаанд. Бориши барфи зиёди дурӯза ҳамчунин роҳҳои вурудӣ ба нақби Солангро низ бастааст. Ин нақб роҳҳои мошинрави шимоли Афғонистонро бо Кобул васл мекунад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар давоми шаби гузашта гурӯҳҳои наҷот тақрибан 200 нафарро наҷот додаанд.
XS
SM
MD
LG