Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ барои Покистон 538 миллион доллар кӯмак хост


Имрӯз СММ гуфт, ки дар Покистон гурӯҳҳои имдодрасонӣ барои шаш моҳи оянда ба 538 миллион доллар ниёз доранд. Ин кӯмакҳо ба беҷошудагони даргириҳои мусаллаҳона бар зидди Толибон ихтисос хоҳад дошт. СММ мегӯяд, артиши Покистон дар анҷоми амалиёт дар водии Свот ва минтақаҳои атрофи он муваффақ будааст ва то ҳол тақрибан 1,7 миллион нафар беҷошудагон ба манозили зисти худ баргаштаанд, вале дар манотиқи дигар вазъи амниятӣ бадтар шудааст ва он сабаби мавҷи нави паноҳҷӯёни дохилӣ шудааст. СММ тахмин мезанад, ки дар Покистон тақрибан як миллион нафар беҷошудагони дохилӣ вуҷуд доранд.
XS
SM
MD
LG