Пайвандҳои дастрасӣ

Фирқаи эътилофи Юлия Тимошенко дар Верховни Рада, парлумони Украина, дар бораи вуҷуди тақаллуби густарда дар даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ хабар дод ва гуфт, ба хотири “дифоъ аз ҳаққи худ ба интихоботи одилона” ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард. Тасмиме, ки тақрибан ҳама интизорашро доштанд.

Аксари таҳлилгарон аз қабл бар ин ақида буданд, ки хонум Тимошенко бохти худро дар даври ниҳоии интихобот ба осонӣ нахоҳад пазируфт ва алайҳи рақибаш Виктор Янукович, ки ҳолиё ба қавле шаҳди пирӯзӣ дар ком дорад, ҳатман иқдоме хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла ҳайати нозирони САҲА, низ даври дуввуми раъйгирӣ дар Украинаро шаффоф ва мунсифона баҳо дода ва аз раҳбарони сиёсии ин кишвар даъват кардаанд, ки таҳвили оромонаи қудратро таъмин ва тазмин кунанд.

Интизор меравад, сарвазир Тимошенко имрӯз барои нахустин бор баъд аз эълони натоиҷи интихобот бо паёме ба матбуот муроҷиат кунад. Аммо рӯзномаи “Украинская правда” навиштааст, ки Юлия Тимошенко ҳанӯз шоми душанбе ба аъзои ҳизбаш гуфтааст, ки ӯ қонунмандии пирӯзии Янукович дар чунин интихоботро ҳеҷ гоҳ эътироф нахоҳад кард.

Имрӯз вакилони парлумони Украина аз эътилофи Юлия Тимошенко ҳизби минтақаҳои Виктор Януковияро ба истифода аз тақаллуб ба манзури таъмини пирӯзии ӯ айбдор карда, гуфтаанд, ки хонум Тимошенко натоиҷи эълоншудаи интихоботи рӯзи 7-уми февралро аз роҳҳои қонунӣ ба чолиш хоҳад кашонд.

Хабаргузориҳо аз қавли Олег Лиашко, вакили дигари Верховни Рада аз эътилофи Юлия Тимошенко нақл мекунанд, ки гуфтааст, дар ҷараёни даври дуввуми интихобот танҳо дар се минтақа – Донетск, Луганск ва Қрим, ки аз пойгоҳҳои аслии тарафдорони Янукович маҳсуб мешаванд, “дастикам 1 миллион раъйи мардум мавриди тақаллуб ва дасткорӣ қарор гирифтааст.” Олег Шустик, муовини дигари раҳбари ин эътилофи сиёсӣ гуфтааст, шаби гузашта онҳо қарор кардаанд, ки натоиҷи эълоншудаи интихоботро ба чолиш кашонида, тавассути додгоҳ бозшумории ороро тақозо кунанд.

Дар ҳоли ҳозир, ки шумориши 99,9 дарсади оро анҷом ёфтааст, Виктор Янукович чизе камтар аз 49 дарсади ороро дар даст дорад, ки бахши аъзамаш дар вилоёти шарқии умдатан русзабони Украина ба даст омадааст. Рақиби ӯ Юлия Тимошенко, бино бар ин шумориш, феълан наздики 45, 5 дарсади ороро соҳиб шудааст ва гуфта мешавад, ӯро бештар дар вилоёти ғарби кишвар, ки бо забони украинӣ ҳарф мезананд, пуштибонӣ кардаанд.

Дар ҳар сурат, Микола Азаров, як узви аршади Ҳизби минтақаҳои Янукович, имрӯз дар парлумон дар посух ба иддаоҳои рақибон гуфтааст, ки Тимошенко роҳе ба ҷуз аз эътирофи пирӯзии рақибаш надорад ва бояд чунин ҳам кунад.

Ва аммо Тимошенко ҳанӯз қабл аз даври дуввум дар бораи эҳтимоли тақаллуби оро ҳушдор дода, таҳдид карда буд, ки дар сурати дасткориҳои густарда тарафдоронашро ба намоишҳои эътирозӣ даъват хоҳад кард. Бино ба хабарҳо, феълан ҳудуди 3000 тарафдори Янукович дар ҳошияи Киев ҷамъ омада, дар садади шурӯъи раҳпаймоии пирӯзианд. Ва аммо танҳо бо гузашти вақт маълум хоҳад шуд, ки оё Юлия Тимошенко хоҳад тавонист, тавре ҳам ки таҳдид мекард, дигарбора эътирозҳои густардаеро ба сатҳи вусъат ва доманаи инқилоби норанҷии соли 2004-ум ташкил кунад? Ва он ҳам дар Украинае, ки аксари мардумаш аз сиёсатбозиҳои чанд соли гузашта чунин хаста шудаанд?
XS
SM
MD
LG