Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ғанисозии урани Эронро "шубҳаовар" медонад


Имрӯз Николай Патрушев-Дабири Шӯрои Амнияти Миллии Русия гуфт, эъломияи Эрон дар бораи то 20 дарсад ғанисозии уран дар қаламрави худаш баъзе шаку шубҳаҳоро дар бораи омодагиҳои ҳастаиаш ба бор меорад:

"Эрон иддао мекунад, ки хостори иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ нест ва барномҳои сулҳомези ҳастаиро густариш медиҳад. Аммо фаъолиятҳои он, ба тасмим дар бораи ғанисозии уран то сатҳи 20 дарсад дар миёни кишварҳои дигар шубҳа барангехтааст ва ин шубҳаҳо асос ҳам доранд".

Суханони Николай Патрушев-Дабири Шӯрои Амнияти Миллии Русия дар ҳоле садо дод, ки телевизиони давлатии Эрон имрӯз гуфт, ки ин кишвар "дар ҳузури нозирони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ ба ғанисозии сӯхти ҳастаӣ" дар сатҳи болотаре шурӯъ кардааст. Имрӯз Ҷеофф Морел-сухангӯи вазорати дифои Амрико низ таъкид кард ва гуфт, Амрико умедвор аст, ки масъалаи таҳрими СММ бар зидди Эрон на дар давоми моҳҳо, балки дар зарфи чанд ҳафта ҳал шавад. Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил гуфт, Эрон барои тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ аҷала мекунад ва бояд бар зидди он таҳримҳои фаврӣ ҷорӣ шавад.
XS
SM
MD
LG