Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари варақаҳои таблиғотии номзадҳо ба интихоботи қарибулвуқӯъ дар Кӯлоб аз хиёбонҳо дарронда ва ё барчида шудаанд.

Намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар рӯзи 9-уми феврал ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар ин шаҳр аз шаҳрвандон хоҳиш карданд, то ба варақаҳои тарғиботии онҳо эҳтиром гузоранд ва монеъи даррондану барчидани варақаҳои онҳо гарданд.

Ашӯрмад Авазов, узви ситоди интихоботӣ аз ҳисоби ҲНИТ дар ин шаҳр мегӯяд, нахуст онҳо гумон карданд, ки танҳо варақаҳои таблиғотии номзадҳои ҲНИТ аз хиёбонҳо барчида мешаванд, вале ҳоли ҳозир ба варақаҳои дигар номзадҳо низ чунин рафтор мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ҳам боиси нигаронист, ки пас аз насб кардан рӯзе ногузашта варақаҳои таблиғотии онҳо ба таври ҳайратовар барчида мешавад. Бо ин вуҷуд, ин масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, барчидани варақаҳои таблиғотии намояндагони ин ҳизб дар бархе маврид ангезаи сиёсӣ дорад.

Аммо Ширинҷон Сафарзода, як коршиноси мустақаил мегӯяд, аз он нигоҳ, ки дар бархе гушаву канори шаҳр ҳамаи варақаҳои таблиғотӣ бидуни оне, ки мансуби кадом номзади аҳзоби сиёсианд, баробар чида мешаванд, наметавон инро ғарази якҷониба ба як ҳизби сиёсӣ унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, аксари шаҳрвандон бо далелҳои мухталиф муҳимияти интихоботро нодида мегиранд.

Эмомалӣ Раҳмонов, раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии 37-и Кӯлоб, мегӯяд, воқеан онҳо чунин ҳолатро дар бархе мавзеъҳои шаҳр мушоҳида кардаанд, вале то кунун аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо сари ин масъала ба онҳо муроҷиат нашудааст.

Абдусамад Ғайратов, як масъули дигари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар Кӯлоб, мегӯяд, аксари варақаҳо ноогоҳона аз ҷониби бархе шаҳрвандон барчида мешавад, аз ин рӯ онҳо сари ин масъала ба касе муроҷиат накардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Ғайратов, барчидани варақаҳои тарғиботӣ аз ноогоҳии сиёсии мардум далолат мекунад.

Дар ҳоле, ки аксари варақаҳои тарғиботии номзадҳо аз хиёбонҳои шаҳр барчида шудаанд, имрӯз зимни як нишаст намояндагони аҳзоби сиёсӣ изҳор доштанд, ки ба якборагӣ сард омадани боду ҳаво дар ду рӯзи охир кори тарғиботии онҳоро боз мушкилтар кардааст.
XS
SM
MD
LG