Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Фарзона дар Душанбе идома дорад


Дар догоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии Фарзонаи Хуршед-овозхони тоҷик оғоз шудааст. Бино ба иттиҳоми додгоҳ, вай барои гурезонидани номзадаш аз толори додгоҳ муттаҳам дониста мешавад. Додгоҳ мегӯяд, ду ҳафта пеш Фарзона номзадаш Фаррухро аз толори додгоҳ баровардааст ва ҳар ду ба сӯи Варзоб роҳ пеш гирифтаанд. Дар посгоҳи Чаҳорбоғи Варзоб Фаррух дубора боздошт шудааст. Он вақт Фарзона баъд аз як боздошти кӯтоҳ раҳо шуда буд, вале баъдтар вайро барои муҳокима боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG