Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ аз ҳимояти домоди президент маҳрум шуд


Додгоҳи Қазоқистон тасмимеро бекор кард, ки ба ҷилавгирии матбуот аз интиқоди домоди раиси ҷумҳур барои ришвахорӣ иртибот дошт. Хабарнигори радиои Озодӣ дар Алмаато мегӯяд, додгоҳи ноҳияи Медеои Алмаато дар ин бора эъломияе мунташир сохтааст. Тибқи тасмими қаблӣ матбуоти Қазоқистон бояд аз чопи мақолаҳо бар зарари Темур Қулибоев-домоди Нурсултон Назарбоев худдорӣ мекард. Ҳафтаи гузашта баъд аз он ки Темур Қулибоев панҷ нашрияро ба додгоҳ кашид догоҳи ноҳияи Медео барои ин панҷ нашрия чопи мавод бар зарари Қулибоевро мамнуъ эълон кард. Рӯзи душанбе Миклош Ҳарастӣ-намояндаи озодии матбуоти САҲА Қазоқистонро барои чунин ҳукми додгоҳ интиқод кард. Ҳоло Қазоқистон раёсати давраии САҲА бар ӯҳда дорад. Баъдтар шоми рӯзи душанбе Мусобек Алимбеков-раиси додгоҳи Олии Қазоқистон гуфтааст, ки раиси додгоҳи ноҳияи Медео ҳангоми судури ин ҳукм иштибоҳ кардааст.
XS
SM
MD
LG