Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тошканд аккосро ба додгоҳ кашиданд


Умеда Аҳмадова-аккоси 54 солаи ӯзбек имрӯз дар Тошканд ба мурофиаи додгоҳӣ кашонда шуд. Вайро барои поин овардани этибори кишвараш бо осори аккосиаш муттаҳам медонанд. Гуфта мешавад, ки вай мардуми фақиру камбизоатро дар аксҳо ва дар як филмаш таҷассум кардааст ва ин корҳоро сафоратхонаи Шветсария дар Тошканд сармоягузорӣ кардааст. Дар осори Аҳмадова, ки барандаи ҷоиза шудааст, мардуми оддӣ барои зиндагии ҳамарӯзаи худ мубориза мекунанд. Вакили мудофеи Аҳмадова вайро гунаҳгор намедонад, вале иттиҳоме, ки ба вай бастаанд, ду сол кори иҷборӣ ё 6 моҳ зиндонро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG