Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон то 20 дарсад ғанисозии уранро шрӯъ кард


Телевизиони давлатии Эрон гуфтааст, ки ин кишвар ба ғанисозии уран дар сатҳи болотар, яъне то сатҳи 20 дарсад оғоз кардааст. Ин дар ҳолест, ки фишори кишварҳои ғарбӣ барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нав бар зидди Эрон афзоиш меёбад.
"Ал Алам" телевизиони арабизабони Эрон гуфт, ки имрӯз Эрон дар ҳузури нозирони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ ба ғанисозии уран то сатҳи 20 дарсад шурӯъ кардааст. Рӯзи душанбе Амрико ва Фаронса баъд аз изҳороти Эрон дар бораи ғанисозии уран гуфтанд, ки бар зидди ин кишвар таҳримҳои шадиди СММ-ро пешниҳод мекунанд. Шӯрои Амнияти СММ се дафъа бар зидди Эрон таҳрим ҷорӣ кардааст, то он аз барномаҳои ҳастаиаш даст кашад
XS
SM
MD
LG