Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тимошенко ба додгоҳ шикоят мебарад


Имрӯз ҷиноҳи порламонии Юлия Тимошенко гуфт, ки дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина фиребкории густарда мушоҳида шудааст. Ин ҷиноҳ гуфтааст, ки ба додгоҳ шикоят мебарад, то аз адолати интихоботӣ дифоъ шавад. Дар ҳоле, ки тақрибан ҳамаи орои интихобкунандагон шумурда шудааст, Виктор Янукович-рақиби Юлияи Тимошенко бо бештар аз 5 дарсади оро дар сафи пеши муборизаи интихоботӣ қарор дорад. Нозирони байналмиллалӣ зери сарпарастии САҲА мегӯянд. ки интихобот шаффоф ва одилона будааст. Онҳо аз раҳбарони сиёсии Украина хостанд, ки интиқоли қудрат сулҳомез сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG