Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муддаиёни Ҷоми Рустам Долтабоев


Бозиҳои даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми хотираи Рустам Долтабоев, яке аз аввалин футболбозони саршиноси тоҷик, дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд.

Бозиҳои минтақаи Душанбе бо ширкати 6 даста дар майдони футболи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон ҷараён доранд.

Дастаи «Энергетик»-и Душанбе дар бозии даври дуввум бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро Шавкати Ҳотам дар дақиқаи 85-уми бозӣ ба самар расонд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ба дарвозаи РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе 5 голи беҷавоб зад. Ду голро легионери даста Жаилтон Оливейра, аз Бразил, ба ҳадаф расонд. Ҷамшед Исмоилов, Мансур Ҳакимов ва Фарҳод Холбеков якголӣ заданд.

Дар бозии охирини даври дуввум ССКА «Помир»-и Душанбе тими «Ҷавонон»-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузурги 7:2 шикаст дод. Мирзобек Мирзоев ва Габриел Донтох дуголӣ, Ҷонибек Ғаффоров, Шамс Қосимов ва Ҳабиб Пиров якголӣ заданд. Ду голи «Ҷавонон»-ро Ҳақназар Ҳақназаров ва Умед Ҳамроев ба самар расонданд.

Пас аз ҷамъбасти ду даври сабқати интихобӣ дастаи «Энергетик» бо 6 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. «Регар» ТадАЗ ва ССКА «Помир» 4-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо ССКА «Помир» дар ҷои дувум ва «Регар» ТадАЗ дар ҷои севум қарор доранд. Дастаҳои «Хайр» ва РШВСМ якимтиёзӣ гирифтаанд. «Ҷавонон» бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Бар асоси низомномаи мусобиқа чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз минтақаҳои Суғду Хатлон ба даври ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG