Пайвандҳои дастрасӣ

Фарзонаи Хуршед, сарояндаи шинохтаи тоҷик, дар рӯзи нахустини мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомот алайҳи худашро рад кард. Додгоҳи Фарзона субҳи имрӯз дар ноҳияи Сино шуруъ шуд


Фарзонаи Хуршед, духтари сарояндаи машҳур Сураё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё, яке аз дигар чеҳраҳои шинохта дар олами мусиқии поп, феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад ва ба кумак дар фирори дӯстписараш Фаррух аз толори додгоҳ муттаҳам дониста мешавад.

Бино ба нақли модари сароянда, Сурайё Қосимова номзади Фарзона, яъне Фаррух, ки ба "қаллобӣ" муттаҳам шудааст, дар анҷоми яке аз мурофиъаҳои додгоҳи алайҳи ӯ, аз толори додгоҳ фирор намуда, Фарзонаро бо худ гирифтааст. Хонум Сурайё муътақид аст, ки Фарзона аз қазия хабар надошт ва фикр мекард, ки додгоҳ ҷавонро озод кардааст. Ин ҳарду баъдан дар минтақаи Вазоб, 15-километрии шимоли пойтахт, боздошт шудаанд.


Пас аз боздошт Фарзона ба боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Фаррух ба боздоштгоҳи раёсати умури дохилии пойтахт интиқол ёфтанд. Дар ин миён ходимони пулис як дафъа Фарзонаро аз зиндон озод ва сипас дубора боздошт карданд.



Фарзонаи Хуршед, модари ӯ Сурайё Қосимова ва хоҳари бузургаш Шабнами Сурайё аз овозхонҳои серхаридортарини ҷумҳурӣ ба шумор мераванд.

Фарзона ҳамроҳ бо Шабнам ҳанӯз дар авоили соли 2000-ум вориди саҳнаи эстрадии Тоҷикистон шуд ва бо таронаҳои «Модар», "Ҷӯраҷон, хона биё" ва «Эй, ошиқони бедил» дар байни ҷавонон маъруф гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG