Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигори як нашрияи хиёбонии Русия бо даъвати қатли бачаҳои гирифтори маризиҳои рӯҳӣ ва бемориҳои якумрӣ баҳсҳои тезутундеро дар ҷомеа ба бор овард.

Авохири моҳи декабр ба Снежана Митина дӯсташ Светлана занг зад ва бо ашкҳои гулӯгир гуфт, як нашрияи хиёбонӣ дар як мақола даъват кардааст, ки кӯдакони камақл ва ё гирифтори маризиҳои руҳӣ бояд баробари ба дунё омадани онҳо ба қатл бирасанд.

Муаллифи мақола Александр Никонов дар тасвири мушкилоти ин гуна кӯдакон аз калимаи "дебил" истифода кардааст, ки дар забони русӣ таҳқир ба шумор меояд. Ӯ иддао дорад, ки волидайни кӯдаки гирифтори камақлӣ ва маъюби якумрӣ ба марги осони бачаи худ бояд ҳақ дошта бошанд. Ин мақола, ки таҳти сарлавҳаи "Онҳоро қатл кунед, то азият накашанд" нашр шудааст, қатли бачаҳои маризро тараҳҳум ба онҳо тасвир кардааст.

Ин мақола Снежана Митина ва дӯсти ӯ Светлана Штраковаро, ки ҳарду бачаҳои маъюб доранд, хашгин карда, ва онҳо тасмим гирифтанд, ки амал кунанд. Онҳо аз рӯи мақолаи Никонов ва нашрияи хиёбонии "Спид-Инфо" ба Иттиҳоди рӯзноманигорон шикоят бурданд. Онҳо мегӯянд, дар пайи муҷозоти Никонов нестанд. Танҳо мехоҳанд аз бетаҳаммулии ҷомеаи кишвар дар баробари маъюбон бонги изтироб бизананд:

"Он чӣ муаллифи мақола дар миён гузоштааст, ба сари худ ақидаи ягона нест. Омори мавҷуд дар кишвар баёнгари он аст, ки чаҳоряки аҳолии мо аз ин гуна ақида ҷонибдорӣ мекунанд. Ин аст, ки шахси тамоман ношинос метавонад дар кӯча ба ман наздик шавад ва бигӯяд " нӯшидиву, кайфу сафо кардӣ? Ҳолат аз ин бадтар!" Ин гуна рафторро ходимони соҳаи тиб, кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ низ доранд. Онҳо, ки намехоҳанд вазифаи худро софдилона иҷро кунанд, танҳо ба он хотир, ки бачаи ман шадидан маъюб аст."

Пётр Кучеренко, вакили мудофеи ин ду модар мегӯяд, пешниҳоди Никонов дар мавриди қатли бачаҳои маризу маъюб оташи табъизро дар ҷомеа рӯшан хоҳад кард. Ин пешниҳод теорияи хатарноки бартарии нажодиро ба хотир меорад, ки Олмони фашистӣ пайгирӣ мекард.

Аммо Никонов аз карда пушаймон нест:
"Иҷозат бидиҳед худро муаррифӣ кунем, ман Адолф Ҳитлер. Бисёр мехоҳанд, ки ин тасвирро ба ман нисбат бииҳанд. Аммо нобакорони аслӣ онҳоеянд, ки ба ман бигӯянд: "бале, ин хуб ва одилона аст, бигузор онҳо азият бикашанд, аммо обрӯи башардӯстонаи мо дар амон бошад. Хобатонро ба об бигӯед. Ин мавқеъи ман аст ва шумо наметавонед даҳони маро бубандед."

Аммо иддаои ӯ дар Иттиҳоди рӯзноманигорон дастгирӣ наёфт ва Иттиҳод нашрияи «Спид-Инфо»-ро ба чопи раддияи Мартина ва Светлана Штаркова маҷбур кард. Ҳарчанд, қарори Иттиҳоди рӯзноманигорон ҳукми қонунро надорад, аммо ҷонибҳои даъво дар ин ҷаласа гуфтанд, ки тавсияҳои раёсатро ба инобат хоҳанд гирифт. Қарори ахир ғалабаи рамзии ду модар аст, ки ҳаққи зистани фарзандони худро ҳифз кардаанд.

Штаркова якчанд блог ё саҳифаи интерентӣ дорад, ки ҳамагӣ ба писари сесолаи ӯ - Иван бахшида шудаанд. Иван бо маҷмӯъи бемориҳои вазнин ва табобатнашаванда аз модар ба дунё омадааст. Мартина ҳам блоги худро дорад ва дар он дар бораи писари 10-солааш Павел сӯҳбат мекунад. Павел низ аз модар маъюб ба дунё омадааст. Маризии ӯ решаҳои генетикӣ дорад ва номи ин маризӣ "синдроми Ҳантер" аст. Бо камтарин кӯмак, ки маъюбон аз давлат мегиранд, вазъи сиҳатии Павел рӯз то рӯз вахимтар мешавад.

Мартина мегӯяд, писараш танҳо ду калима медонад - "мама" ва "помоги" ва ӯ аз ин ҳар ду як калима сохтааст "мамаги". Вақте дардаш шиддат мегирад, фиғон мекашад, ки "мамаги".

Соли 2006 олимони амрикоӣ доруеро кашф карданд, ки метавонист дарди шадиди писари Мартина ва гирифторони дигарро сабук кунад. Аммо дастрасӣ ба ин дору осон набуд. Монеаи аввал 25 ҳазор доллар барои ҳар як ҳафтаи табобат. Дуввум, бетафовутии вазорати сиҳати Русия буд, ки гӯё дархости Мартина барои воридоти доруи амрикоиро нодида гирифт.

"Онҳо ба ман гуфтанд, 20 бачаи дорои синдроми Ҳантерро пайдо кун. Панҷ мақола барои матбуот ва як гузориши телевизионӣ бинавис, баъд мо дар ин мавзӯъ сӯҳбат хоҳем кард." – мегӯяд Мартина.

Мартина ҳам кам наомад ва маъракаи густардаеро шурӯъ кард. Ӯ 215 оилаеро пайдо кард, ки бачаҳои онҳо синдроми Ҳантер доштанд ва вазорат маҷбур шуд, то доруи навро муҳайё созад. Аз баракати талошҳои Мартина акнун бачаҳои маъюб доруи камёбро тавассути мақомоти маҳаллӣ дастрас кардаанд. Маъракаи Мартина як нуктаро рӯшан кард, ки Русия дар фикри маъюбони худ нест ва онҳоро бори души ҷомеа медонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG