Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъватҳо барои эъмоли таҳримоти тоза алайҳи Эрон


Фишори байналмилалӣ барои эъмоли таҳримоти тоза алайҳи Эрон афзоиш меёбад, чун ин кишвар эълом кард, ки барномаҳои баҳсбарангези атомиашро тавсиа мебахшад. Баъд аз он ки Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, ба тавлиди ураниуми 20 дар садӣ шурӯъ мекунад ва ҳамчунин то соли дигар даҳ корхонаи ғанисозии ураниум бунёд мекунад, дирӯз Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса ва Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико зимни мулоқот дар шаҳри Париж хостори таҳримоти тоза алайҳи Эрон шуданд. Дар Русия як узви Ҳизби ҳокими Русияи Воҳид низ аз эъмоли таҳримот алайҳи Эрон сухан гуфт. Юкия Амано – мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, рӯзи душанбе гуфт, аз эъломи Эрон дар мавриди ғанисозии ураниум то мизони болотар нигарон шудааст.
XS
SM
MD
LG