Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико оғоз мешавад


Қарор аст имрӯз дар шаҳри Вашингтон машваратҳои сиёсии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Амрико, баргузор шавад. Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ҳайати ин кишварро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ сарварӣ мекунад. Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои энержӣ, амният ва ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ хоҳад шуд. Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки аз тасмими Амрико дар мавриди афзойиши нерӯҳояш дар Афғонистон пуштибонӣ кард ва ҳудудҳояшро барои расонидани кӯмаки ғайринизомӣ ба нерӯҳои байнулмилалӣ дар он кишвар вогузор намуд. Амрико бузургтарин кишвари кӯмакрасони Тоҷикистон аст, ки тайи солҳои истиқлолият кӯмакҳояш аз ҳадди 1 миллиард гузаштааст.
XS
SM
MD
LG