Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович ҳанӯз ҳам пешсафи интихоботи Украина


Виктор Янукович – раҳбари мухолифини Украина, зоҳиран дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳур пирӯз шудааст. Бо шумори 99 дар сади оро, Янукович аз рақибаш нахуствазир Юлия Тимошенко се дар сад бештар раъйи мардумро соҳиб шудааст. Чаҳор дар сад аз раъйдиҳандагони Украина ба зидди ҳарду номзад раъй додаанд. Виктор Януковичи русиягаро аз Юлия Тимошенко хост, то шикастро эътироф кунад. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, интихоботи Украинаро шаффофу одилона хонда ва аз раҳбарони ин кишвар хостанд, гузариши ороми қудратро тазмин диҳанд. Катрин Эштон – раҳбари идораи умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, “ин иттиҳодия ҳамчунон ба аҳди худ барои таҳкими муносибот бо Украина содиқ аст” ва барои кор бо раиси ҷумҳури ояндаи ин кишвар омода аст.
XS
SM
MD
LG